18 октябри соли 2019 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Cафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Эстония дар Ҷумҳурии Тоҷикистон (бо қароргоҳаш дар Нур-Султон) Ҳейти Мяемеэсро ба ҳузур пазируфт.
Ҷонибҳо масъалаҳои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷониба дар самтҳои мухталиф, аз ҷумла дар чорчӯбаи созмонҳои байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Ҳамзамон, дар фарҷоми мулоқот “Созишнома байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷумҳурии Эстония дар бораи бекор намудани талаботи раводид барои дорандагони шиносномаҳои дипломатӣ” ба имзо расонида шуд.