Мулоқот бо Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володин

19.10.2019 18:12

19 октябр дар Қасри миллат Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россия Вячеслав Володинро, ки бо сафари расмӣ дар Тоҷикистон қарор дорад, ба ҳузур пазируфтанд.

Дар мулоқот вазъи кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷонибаву бисёрҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Россия, аз ҷумла дар ҷодаи робитаҳои байнипарлумонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Дар ин зимн ҷонибҳо  муносибатҳои пурмуҳтавои байнипарлумониро дар доираи шарикии стратегӣ ҳамчун омили мусоидаткунанда ба густариши тамоми  маҷмуи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи ду кишвар муҳим арзёбӣ карданд.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо доир ба татбиқи саривақтии созишномаҳои дуҷонибаи қаблан баимзорасида, рушду густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои иқтисоду тиҷорат, ҷалби сармоя ба иқтисодиёти Тоҷикистон, таҳкими робитаҳои манфиатбор дар соҳаҳои кишоварзӣ, саноат, илму маориф, фарҳанг, низомиву техникӣ ва муҳоҷират  табодули афкори судманд анҷом доданд.

Зимни суҳбат ҳамзамон масоили марбут ба авзои кунунии минтақа ва ҷаҳон, аз ҷумла вазъи сиёсии Афғонистон ва дарёфти роҳу усулҳои нави тақвияти мубориза бар зидди зуҳуроти номатлуби ҷаҳони муосир, мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.

Вобаста ба ин мавзӯъҳои тақвияти муборизаи муштарак алайҳи терроризму тундгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва дигар зуҳуроти ҷинояткории муташаккили фаромиллӣ, ҳамчунин хатари таҳмили ақидаҳои ифротӣ бар ҷомеа мавриди таваҷҷуҳи ҷонибҳо қарор доштанд.

Дар ҷараёни баррасии ҷанбаҳои мухталифи ҳамкориҳо дар соҳаи фарҳангиву гуманитарӣ ба бахши маориф диққати махсус зоҳир карда шуд.

Сарвари давлати мо аҳаммияти фаъолияти муваффақонаи шӯъбаҳои муассисаҳои таълимии пешбари Россия – Донишгоҳи давлатии Москва, Донишкадаи пулод ва хӯлаҳои Москва (МИСиС), Донишкадаи энергетикӣ, ҳамчунин Донишгоҳи Славянии Тоҷикистону Россияро дар Тоҷикистон ба таври хоса таъкид карданд.

Пешвои миллат таваҷҷуҳи Раиси Думаи давлатии Федератсияи Россияро ҳамчунин ба зарурати тезонидани раванди татбиқи лоиҳаи сохтмони панҷ муассисаи таҳсилоти умумӣ бо забони русӣ дар минтақаҳои Тоҷикистон ҷалб карданд.

48922490072-202292391a-o-21-10-2019-1321.jpg

Нигористон

Тақвим