21 октябри 2019 дар Токио Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ҷиҳати иштирок дар маросими тоҷгузории Императори нави Ҷопон дар шаҳри Токио қарор дорад, бо Раиси Палатаи мушовирони Парламенти Ҷопон (Сенат) хонум Акико Санто мулоқот намуд.
Дар он мулоқот ҷонибҳо робитаҳои дуҷонибаро дар партави сиёсати созандаи сарони кишварҳо дар соҳаҳои мухталиф, бахусус дар ҷаҳорчӯби натиҷаҳои сафари расмии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷопон (3-5 октябри 2018) баррасӣ намуда, таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои байнипарламентиро баҳри таъмини заминаи мусоиди ҳуқуқии онҳо ногузир шумориданд.
Дар мулоқот ҳамчунин густариши ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ, таҳкими пояи шатрномвию ҳуқуқӣ, масъалаҳои минтақавӣ ва байналмилалии мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ шуданд.
Раиси Маҷлиси миллӣ аз хонум Акико Санто даъват ба миён овард, ки ба манзури тавсеаи бештари робитаҳои байнипарламентӣ дар замони барояш муносиб ба Ҷумҳурии Тоҷикистон сафари расмӣ анҷом диҳад. Даъват бо сипосгузорӣ пазируфта шуд.
Бояд тазаккур дод, ки ин нахустин сафари раиси парлумони Тоҷикистон ба Ҷопон мебошад.