Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулл оид ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи иқтисодии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия

25.10.2019 17:20

24 октябри соли 2019 вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия Маҳмадалӣ Раҷабиён бо Мудири кулл оид ба ҳамкориҳои бисёрҷонибаи Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Туркия Омер Гӯҷӯк баргузор гардид.

Зимни мулоқот ҷонибҳо дар робита ба масъалаҳои вобаста ба рушди бештари ҳамкориҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, бахусус дар соҳаҳои иқтисодӣ дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз ҷумла Созмони ҳамкории иқтисодӣ (СҲИ) табодули афкор намуданд, ҳамзамон дурнамои он ҳамкориҳоро мавриди ҳамоҳангӣ қарор доданд.

IMG-7515-25-10-2019-1719.jpg

Нигористон

Тақвим