Иштироки ҳайати Тоҷикистон дар Ҳаждаҳумин иҷлоси сарони Ҷунбиши адами тааҳҳуд

28.10.2019 08:41

25-26 октябри ҷорӣ дар Боку Ҳаждаҳумин иҷлоси сарони кишварҳои узви Ҷунбиши адами тааҳҳуд баргузор гардид, ки дар он ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо роҳбарии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии кишвари мо Хусрав Нозирӣ иштирок намуд.

Дар суханронии хеш Хусрав Нозирӣ ба зарурати пойбандии ҷомеаи ҷаҳонӣ ба принсипҳои пазируфтаи ҳуқуқи байналмилалӣ таъкид карда, ба саҳми кишвари мо дар ҳалли масъалаҳои умдаи байналмилалӣ, ба вежа дар заминаи мубориза бо таҳдиду чолишҳои муосири ҷаҳонӣ ишора кард.

Ҷунбиши адами тааҳҳуд созмони байналмилалиест, ки 125 кишвар дар он узвият дошта, Тоҷикистон дар созмони мазкур узви нозир мебошад.

Group-photo-NAM-Summit-28-10-2019-0839.jpg

RASH0073-28-10-2019-0838.jpg

 

Нигористон

Тақвим