22-23 октябри соли ҷорӣ Сафири Тоҷикистон дар Британияи Кабир Масуд Халифазода ба шаҳри Белфасти Ирландияи Шимолӣ сафари корӣ анҷом намуд.
Зимни сафари корӣ ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои илму маърифат, сайёҳӣ, кишоварзӣ ва дигар самтҳои мухталиф бо спикери Парламент, Раиси иҷроияи Туризми Ирландияи Шимолӣ, Директори маркази озуқавории Донишгоҳи Квинси шаҳри Белфаст, Проректори Донишгоҳи Алстер, Директори Коллеҷи кишоварзӣ, озуқаворӣ ва рушди деҳот ва Директори иҷроияи "Northern Ireland Co-operation Overseas" мулоқот анҷом дод.
Дар рафти мулоқотҳо ҷонибҳо тавсеаи таблиғи имкониятҳои ҳамкориро дар ҳарду кишвар тавассути васоити ахбори омма, баргузории чорабиниҳо, ба монанди бизнес-форумҳо, намоишгоҳҳо, гузарондани курсҳои омӯзишӣ ва имконияти табодули таҷриба баррасӣ намуданд.
Ҳамчунин, дар рафти сафари корӣ Сафири Тоҷикистон аз таҷрибаи кории Ирландияи Шимолӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, туризм ва илму технология шиносоӣ намуда аз фермаҳо, боғҳо ва ташхисгоҳҳо боздид барпо намуд.