Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба Бошқирдистон

31.10.2019 19:04

28 октябри 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Федератсияи Русия Имомуддин  Сатторов ба Ҷумҳурии Бошқирдистон сафари корӣ анҷом дод.

Сафари мазкур аз мулоқот бо Роҳбари Ҷумҳурии Бошқирдистон Радий Хабиров шурӯъ гардид. Дар рафти суҳбат, ки дар фазои дӯстӣ ва ҳусни тафоҳум доир гардид, масоили марбут ба ҳамкориҳо миёни минтақаҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Ҷумҳурии Бошқирдистон ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

И. Сатторов изҳор дошт, ки Ҷумҳурии Бошқирдистон  дорои имкониятҳои фаровони иқтисодӣ мебошад ва Тоҷикистон нияти густариши ҳамкорӣ ва афзудани ҳаҷми тиҷорат ва гардиши молро дорад.

Дар суҳбат ҳамназарии ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои рушди ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар соҳаҳои рушди тиҷорати дуҷониба, татбиқи лоиҳаҳои фарҳангӣ, ташкили сафарҳои соҳибкорон ва ҷалби сармоя зоҳир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот инчунин масъалаҳои густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф ва фарҳанг баррасӣ шуданд. Бояд қайд кард, ки дар мактабҳои олии Бошқирдистон 848 донишҷӯ аз Тоҷикистон таҳсил мекунанд.

Ҳар ду ҷониб изҳори итминон карданд, ки ин гуфтушунидҳо дар рушди минбаъдаи ҳамкориҳои фарогири Бошқирдистон бо минтақаҳои Тоҷикистон саҳми муассир мегузорад.

Дар рафти мулоқот бо донишҷӯёни тоҷик ва намояндагони диаспораи тоҷикон, ки дар Донишгоҳи техникии нафту гази Уфа доир гардид, Сафир роҷеъ ба пешрафтҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон сухан гуфт. Зимнан таваҷҷуҳ ва дастгирии доимии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар фароҳамсозии шароити мусоид барои таҳсил ва рушди минбаъдаи ҷавонон махсусан таъкид гардид.

1-31-10-2019-1903.jpg

 

Нигористон

Тақвим