Мулоқоти Сафир бо Муовини Вазири саноат ва тиҷорати байналмилалии Малайзия

01.11.2019 08:43

29 октябри 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷкистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Муовини Вазири саноат ва тиҷорати байналмилаии Малайзия Онг Киан Минг баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо маҷмӯи масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои дуҷонибаи байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзияро дар соҳаи иқтисодӣ ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор доданд. Таъкид гашт, ки дар Тоҷикистон имрӯзҳо фазои мусоиди сармоягузорӣ ва зарфиятҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои гуногун фароҳам оварда шудаанд ва ҳарду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, сайёҳӣ ва дигар соҳаҳои мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намоянд.

MITI-Ardasher-Qodiri-01-11-2019-0842.jpeg

Нигористон

Тақвим