1 ноябри 2019 дар Лондон Конфронси навбатии "Fire Aid" баргузор гардид.
Дар Конфронси мазкур намояндагони сохторҳои давлатии Британияи Кабир, мутахассисони ташкилотҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, инчунин роҳбари Созмони оташнишонии шаҳри Лондон иштирок намуданд.
Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ ҳайати кишварамонро дар чорабинии мазкур намояндагӣ карда, роҷеъ ба масъалаҳои ҳамкории мутақобилан судманди дуҷониба, мушкилиҳои Хадамоти оташнишонии ВКД-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳангоми расонидани кӯмак ва наҷоти одамон, инчунин пешниҳодҳо ҷиҳати густариши муносибатҳои байни ду ҷониб ва имконияти давом додани семинару тренингҳоро баён намуд.