Дар Ҳамбурги Олмон 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияро ҷашн гирифтанд

11.11.2019 14:50

Дар арафаи 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 5 ноябри 2019 дар Консулгарии фахрии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар устони федеролии Ҳамбург ва Шлезвиг Ҳолштайни Олмон дар шаҳри Ҳамбург чорабинии идона бо иштироки намояндагони шаҳрдорӣ, вакилони маҳаллӣ ва корпуси дипломатӣ, рӯзноманигорон ва донишҷӯёни тоҷик баргузор гардид.

Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо дар суханронии худ ба муҳимтарин дастовардҳои кишвар дар самти татбиқи ҳадафҳои роҳбурдии рушди миллӣ ва тавсеаи ҳамкориҳо дар доираи сиёсати “дарҳои кушод” ишора намуда, нақши Конститутсияро дар роҳи расидан ба ин ҳадафҳо муҳим арзёбӣ намуд.

Собиқ вакили Бундестаги Олмон Юрген Климке пас аз табрик дар суханронии худ дастовардҳои Тоҷикистонро назаррас ҳисобида, кишварро бо дарназардошти рушди гидроэнергетика, туризм ва захираҳои табиӣ барои кишварҳои шарик муҳим арзёбӣ намуд.

Дар чорабинӣ ҳунарманди ҷавони созҳои бодӣ Сабине Грофмайер Суруди миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро пешкаши иштирокчиён намуда, парчами Тоҷикистон бо истифода аз фанновариҳои муосир дар осмони Олмон ҷилва намуд.

empfang-11-11-2019-1748.jpg

 

Нигористон

Тақвим