5 ноябри 2019 дар ҳамкорӣ бо Иттиҳодияи тиҷоратии RDHG/LUNO Gruppe зери унвони «Муколама бо сафирони кишварҳои Роҳи Абрешим. Тоҷикистон» мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо намояндагони доираҳои соҳибкории устонҳои Ҳамбург ва Шлезвиг-Ҳолштайн баргузор гардид.
Сафир дар суханронии худ ба ислоҳоти Ҳукумати Тоҷикистон ва дастовардҳои кишвар дар солҳои ахир таъкид намуда, коркарди нахи пахта ва содироти он, эҷоди занҷираи арзиши истеҳсол дар қаламрави Тоҷикистон бо дарназардошти нерӯи барқ, қувваи арзони корӣ ва дастрасӣ ба бозорҳо, содироти меваи хушк ба Аврупо, инчунин коркарди захираҳои табиӣ ва сармоягузорӣ ба зерсохтори сайёҳиро бахшҳои умедбахши ҳамкорӣ барои соҳибкорони олмонӣ номид.
Мудири Иттиҳодияи ҳамкориҳо бо Русия ва кишварҳои ИДМ Мирко Новак дар суханронии худ таъкид намуд, ки Тоҷикистон ба туфайли талошҳои худ дар шохиси Бонки Ҷаҳонӣ ҳамчун кишвари ислоҳотгар унвон шуда, ба таври фазоянда ҳамчун «кишвари сабз» ва дорои захираҳои энергетикии фаровону табиати афсонавӣ мавқеъ пайдо карда истодааст.
Бо дарназардошти таваҷҷуҳи доираҳои сайёҳии Олмон барои ҳамкорӣ бо ширкатҳои сайёҳии Тоҷикистон қарор шуд, ки дар ҳошияи баргузории Намоишгоҳи байналмилалии сайёҳӣ ITB 2020 ҳамоиши соҳибкорони ҳар ду кишвар барпо шавад.