Таҷлили Рӯзи Конститутсия дар Малайзия

11.11.2019 17:43

8 ноябри 2019 дар Куала-Лумпур Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабинӣ бахшида ба 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо ҳузури ҳамватанони муқими  Малайзия, аз ҷумла донишҷӯёни тоҷик доир намуд.

Дар чорабинии мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ ҳозиринро ба муносибати ин рӯзи таърихӣ табрику таҳният гуфта, оид ба таърихи ташаккули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ҷонфидоиҳои абардмардони халқи тоҷик, алалхусус нақши боризи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон  муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар таҳияи Конститутсия ва қабули он аз тариқи раъйпурсии умумихалқӣ, ки ин санади олии сиёсиву ҳуқуқиро ба маромномаи халқи тоҷик табдил дод, таъкид дошт.

Инчунин дар рафти чорабинӣ ғолибони озмун, ки дар навиштани иншо дар мавзӯи 25-солагии ҷашни Рӯзи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона иштирок доштанд, бо ифтихорномаю сипосномаҳои Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия сарфароз гардонида шуданд.

WhatsApp-Image-2019-11-11-at-13-14-09-11-11-2019-1742.jpeg

Нигористон

Тақвим