Мулоқоти Сафир бо Мудири кулли Корпоратсияи рушди тиҷорати хориҷии Малайзия

13.11.2019 19:06

12 ноябри 2019 мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Мудири кулли Корпоратсияи рушди тиҷорати хориҷии Малайзия Дато Ван Латиф Ван Муса баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаи иқтисод ва сармоягузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. Таъкид шуд, ки дар Тоҷикистон фазои мусоиди сармоягузорӣ фароҳам оварда шудааст ва ҳар ду ҷонибро мебояд имконияти ба роҳ мондани ҳамкориҳоро дар соҳаҳои энергетика, саноат, кишоварзӣ, коркарди металҳои ранга, сайёҳӣ ва соҳаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак баррасӣ намоянд.

Мусоҳибон инчунин ҷалби доираҳои тиҷоративу сармоягузорӣ ва баргузории намоишгоҳҳои маҳсулоти Малайзия дар Тоҷикистонро муҳим арзёбӣ намуданд.

WhatsApp-Image-2019-11-12-at-19-56-41-13-11-2019-1905.jpeg

Нигористон

Тақвим