Дар рӯзномаи бонуфузи “Агефи”- и Ҳертсогии Бузурги Люксембург, ки баёнгари масоили умдаи доираҳои иқтисодиву молиявии он кишвар аст, мусоҳибаи Сафири Тоҷикистон дар Люксембург Эркинхон Раҳматуллозода интишор шуд.
Бо таъкиди он нукта, ки маҳз Сарқонуни Тоҷикистон бо таҳияи зербинои қавии тамоми низоми қонунгузории Тоҷикистон куллияи шароитро барои ривоҷу равнақи кишвар ва рушди нерӯҳои истеҳсолкунандаи он муҳайё сохт, Сафири Тоҷикистон ба шарҳи бахшҳои асосии Сарқонун ва нақши калидии кафили он, Пешвои миллат дар пешрафти кишвар пардохт.
Дар бахшҳои дигари мусоҳиба масоили муҳимтарини сармоягузорӣ ба иқтисоди кишвар баррасӣ гардида, таваҷҷуҳи доираҳои иқтисодии кишварҳои Иттиҳоди Аврупо ба имконоти васеи ин бахш равона гардидааст ва дар ин қисмати маводди зикршуда тафсири қонунҳои мушаххас пиромуни паҳлӯҳои гуногуни ин масоил омадааст.
Мусоҳиба ба Рӯзи Сарқонуни кишвар ва Рӯзи Президенти Тоҷикистон бахшида шудааст.