16 ноябри 2019 дар Москва чорабинии тантанавӣ бахшида ба Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гиромидошти Иҷлосияи таърихии шонздаҳуми Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки роҳбарону фаъолони ҷамъиятҳои тоҷикони муқими Русия ва ходимони фарҳангу олимони тоҷики он кишвар баргузор гардид.
Сафири Тоҷикистон Имомуддин Сатторов ҳозиринро ба муносибати ҷашни таърихию муҳим самимона табрик гуфта, дар суханрониаш роҷеъ ба нақши таърихӣ ва муассири Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар пойдории сулҳ, ҳифзи давлати тоҷикон ва рушди минбаъдаи Тоҷикистон, инчунин аҳаммияти таърихӣ ва тақдирсози иҷлосияи XVI Шӯрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ибрози андеша намуд.
Таваҷҷуҳи ҳозирин ба дастовардҳои ҷумҳурӣ дар соҳаҳои гуногун, баланд гардидани нуфузу эътибори кишвар дар арсаи байналмилалӣ, ки маҳз дар натиҷаи фаъолияти пурсамар ва сиёсати хирадмандонаи роҳбари давлат муяссар гардид, ҷалб карда шуд.
Дар суханрониҳои худ намояндагони ҷамъиятҳои тоҷикон рушди фарогири кишварро дар замони соҳибистиқлолӣ қайд намуда, омодагии худро ба саҳмгузорӣ дар таҳкими эҷоди симои мусбати тоҷикон дар Русия изҳор карданд.
Ҳамчунин, ба таваҷҷуҳи меҳмонон филми мустанад дар бораи таърихи муосири кишвар ва фаъолияти пурсамари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пешкаш гардид.
Дар ҳошияи чорабинии мазкур ҳамчунин машварати навбатии Шӯрои ҷамъиятӣ назди Сафорати Тоҷикистон дар Русия баргузор шуд.