18 ноябри 2019 дар Куала-Лумпур ба муносибати 28-умин солгарди Рӯзи Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, 25-умин солгарди Рӯзи қабули Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Рӯзи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Рӯзи Парчами миллӣ зиёфати расмӣ бо иштироки намояндагони вазорату идораҳои кишвари маҳалли иқомат, ҳайати дипломатии муқими Куала-Лумпур, намояндагони воситаҳои ахбори оммаи Малайзия, доираҳои тиҷоратӣ, аҳли илму фарҳанг ва тоҷикони муқими Малайзия баргузор гардид.
Дар суханронии худ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ роҷеъ ба пешрафту дастовардҳо дар даврони Истиқлол ва нақши мондагори Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ташаккул ва таҳкими давлату давлатдорӣ, таъмини сулҳу ваҳдати миллӣ ва амну суботи фарогир дар кишвар, рушду пешрафти соҳаҳои мухталиф, ҳадафу барномаҳои стратегӣ ва раванди татбиқи онҳо ҳарф зада, инчунин ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Малайзияро қайд намуд.
Дар чорабинии мазкур меҳмони фахрӣ Муовини вазири захираҳои инсонии Малайзия Датук Вира Ҳоҷӣ Маҳфуз ибни Ҳоҷӣ Умар суханронӣ намуда, аз номи Шоҳи Малайзия Абдуллоҳ Риоятуддин Мустафо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва мардуми Тоҷикистонро ба муносибати ҷашнҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, ҳолати кунунии муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба, дурнамои нақшаҳои ҳамкориҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ ва гуманитарӣ миёни ду кишварро зикр намуд.
Дар чорабинӣ тоҷикони муқими Малайзия суруду оҳангҳои миллии тоҷикӣ ва малайиро суруданд ва инчунин дар рафти он наворҳо дар бораи дастовардҳои даврони истиқлол ва табиату ҷозибаҳои сайёҳии кишвар намоиш дода шуд.