Сафари кории Сафири Тоҷикистон ба Донишгоҳи Оксфорд

21.11.2019 11:28

19 ноябри соли ҷорӣ Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Подшоҳии Муттаҳидаи Британияи Кабир ва Ирландияи Шимолӣ Масуд Халифазода аз Донишгоҳи Оксфорд боздид намуд.

Дар он сафар мулоқот бо профессор Эдмунд Ҳерзиг, мудири пажӯҳишгоҳи форсии Донишгоҳи Окфорди Британияи Кабир баргузор гардид. Ҷонибҳо имконияти ба роҳ мондани робитаҳои мустақим бо донишгоҳҳо ва муассисаҳои таҳқиқотӣ ва илмии Ҷумҳурии Тоҷикистон, инчунин мубодилаи донишҷӯён ва олимону муҳаққиқони ҷавонро баррасӣ намуданд.

Гузашта аз ин, дар пажӯҳишгоҳ мулоқоти Сафир бо ҳайати устодон, муҳаққиқону донишҷӯёни донишгоҳ, ки рӯи мавзӯъҳои илмии вобаста ба Осиё Марказӣ, аз ҷумла Тоҷикистон кору фаъолият мебаранд, барпо гардид. Дар ин робита, Сафир ба аҳли нишаст дар бораи имкониятҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаи илму маориф ва муассисаҳои тадҳиқотӣ ва илмии кишвар маълумот муфассал дод.

1-21-11-2019-1127.jpg

Нигористон

Тақвим