Маҷаллаи олмонии “Дипломатишес магазин” (Diplomatisches Magazin) дар шумораи навбатии худ зери унвони «Густариши робитаҳо. Пайванд намудани Тоҷикистону Олмон тавассути дидори ифтитоҳӣ» мақолае мунташир кард.
Дар мақолаи мазкур, бо ишора ба мулоқотҳои Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Федеролии Олмон Соҳибназар Ғайратшо бо мақомоти расмӣ ва доираҳои тиҷоратии музофоти Ҳамбург, Тоҷикистон бо дарназардошти захираҳои фаровони гидроэнергетикӣ ҳамчун кишвари тавлидкунандаи энергияи сабз муаррифӣ гардида, таъкид шудааст, ки дар сурати истифодаи пурраи зарфиятҳои мавҷуда кишвар имкони қонеъ намудани эҳтиёҷоти энергетикии тамоми минтақаи Осиёи Марказиро доро хоҳад буд.
Дар мақолаи мазкур инчунин фарҳангу осори таърихии мардуми тоҷик, ба вежа Наврӯз, ки пайвандгари миллатҳои гуногун аст, бозтоб ёфтаанд.
«Густариши робитаҳо. Пайванд намудани Тоҷикистону Олмон тавассути дидори ифтитоҳӣ»