Дуюмин вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри “Мероси муштараки Роҳи Абрешим”

04.12.2019 17:28

3 декабри 2019 бо ташаббуси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар ҳамкорӣ бо Дафтари минтақавии ЮНЕСКО дар Алмаато ва Иттиҳоди Аврупо дар Осорхонаи миллии Тоҷикистон дуюмин вохӯрии Гурӯҳи корӣ оид ба таҳияи намоишгоҳи сайёри “Мероси муштараки Роҳи Абрешим” баргузор гардид.

Дар чорабинии мазкур намояндагони осорхонаҳои миллии кишварҳои ширкаткунанда, коршиносони Кумитаи байналмилалии намоишгоҳҳо ва мубодилаи ICOM, Раёсати таҳқиқоти фарҳангӣ ва минтақавии Донишгоҳи Копенгаген ва ЮНЕСКО иштирок доштанд.

Намоишгоҳи муштарак дар чаҳорчӯби лоиҳаи сесолаи Иттиҳоди Аврупо ва ЮНЕСКО зери унвони “Долонҳои мероси Роҳи абрешим дар Афғонистон, Осиёи Марказӣ ва Эрон - ҷанбаҳои байналмилалии Соли мероси фарҳангии Аврупо” ташкил мешавад. Намоишгоҳ, ки ба мероси муштараки фарҳангӣ бахшида шудааст, ба баланд бардоштани сатҳи огоҳӣ дар бораи лоиҳа, намоиш додани мероси ғании кишварҳои иштироккунанда, мусоидат ба табодули таҷрибаи пешқадам дар Роҳи абрешим ва дарки муштараки мероси Роҳи абрешим ҳамчун пуле байни Шарқ ва Ғарб равона шудааст.

Намоишгоҳи мазкур тирамоҳи соли 2021 дар осорхонаҳои кишварҳои Аврупо баргузор шуда, барои ҳар як кишвари ширкаткунанда дастрас хоҳад буд.

AIS-0546-04-12-2019-1727.jpg

Нигористон

Тақвим