Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Туркманистон

05.12.2019 16:16

4 декабри 2019 дар Ашқобод мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Фаррух Шарифзода бо Раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Туркманистон Реҷебов Довлетгелди баргузор гардид.

Ҷонибҳо дар мулоқот масъалаҳои ҳамкорӣ дар бахшҳои тиҷорат, иқтисод, пешниҳоду ташаббусуҳои сарварони Тоҷикистону Туркманистон дар ҳошияи Ҷаласаи навбатии Сарони кишварҳои узви ИДМ дар Ашқобод, аз ҷумла татбиқи 9-умин протоколи Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, тиҷоратӣ ва илмию техникӣ, ҷиҳати истифодаи имкониятҳои лоиҳаҳои сармоягузорӣ, дастгирии соҳибкории хурду миёнаро баррасӣ карда, барои ташкил ва баргузории Форуми муштараки соҳибкорони тоҷику туркман ва баргузории намоишгоҳи миллии Тоҷикистон дар Ашқобод омодагии хешро изҳор намуданд.

IMG-0886-05-12-2019-1615.jpg

 

Нигористон

Тақвим