5 декабри соли 2019 дар шаҳри Теҳрон Ҷашнвораи шашуми миллатҳо таҳти унвони “Подоши сулҳ сулҳ аст” баргузор гардид.
Дар ҷашнвораи мазкур, ки ҳамасола дар мактаби “Дониш”-и шаҳри Теҳрон бо ҳузури толибилмон ва намояндагони сафоратҳои муқими шаҳри Теҳрон баргузор мегардад, гӯшаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди истиқболи гарми иштирокдорон қарор гирифт.
Гӯшаи Тоҷикистон, ки аз ҷониби Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон ороста шуд, парчам ва нишони давлатӣ, манзараҳои табиат, шириниҳои тоҷикӣ, анвои либосҳои миллӣ ва аксу тасвирҳо дар бораи Тоҷикистонро дарбар гирифта буд. Ба иштирокдорони ҷашнвора ҳамчунин маълумот дар бораи Тоҷикистон ироа гардид. Ҷашнвораи мазкур барои меҳмонон фурсати муносибе буд, ки бо фарҳанги миллӣ, суннатҳои мардумӣ ва ҷозибаҳои сайёҳии Тоҷикистон ошно гарданд.