5 декабри соли ҷорӣ дар шаҳри Теҳрон 10-умин ҷаласаи Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идоракунии обҳои шаҳрӣ баргузор шуда, дар кори он дар қатори ҳайатҳои 15 кишвар ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ бо роҳбарии Вазири энергетика ва захираҳои об Усмоналӣ Усмонзода иштирок намуд.
Маркази мазкур соли 2002 таҳти сарпарастии ЮНЕСКО таъсис дода шуда, аз тарафи Шӯрои сарпарастон идора мешавад ва Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон низ узви ин Шӯро аст.
Дар нишасти мазкур ҳайатҳо дар бораи дастовардҳои кишвари худ дар соҳаи идоракунии обҳои шаҳрӣ, аз ҷумла оби ошомиданӣ ва обу корез суханронӣ карда, сипас нақшаҳои минбаъдаи фаъолияти Маркази минтақавиро баррасӣ намуданд.
Дар суханронии худ дар ҷаласа Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон У.Усмонзода ташаббусҳои байналмилалии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро дар соҳаи об ва нақши онҳоро дар расидан ба рушди устувор таъкид карда, баргузор кардани нишасти навбатии Шӯрои сарпарастони Маркази минтақавии идоракунии обҳои шаҳриро дар моҳи июни соли 2020 дар Душанбе дар ҳошияи Конфронси байналмилалии бахшида ба Даҳсолаи байналмилалии амал ”Об барои рушди устувор”, солҳои 2018-2028, пешниҳод намуд. Ин пешниҳод аз ҷониби иштирокдорон якдилона пазируфта шуд.