Иштироки Сафири Тоҷикистон дар Форуми демократии Балӣ

09.12.2019 10:55

5-6 декабри 2019 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ дар Форуми демократии Балӣ, ки дар шаҳри Балии Ҷумҳурии Индонезия баргузор гардида буд, ширкат варзид.

Бояд қайд намуд, ки Форуми демократияи Балӣ соли 2008 бо мақсади эҷоди ҷомеаи пешрафтаи демократӣ дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором таъсис дода шудааст. Дар даҳсолаи охир Форуми мазкур муколамаҳоро тавассути мубодилаи таҷрибаҳои пешрафта дар идоракунӣ, ки баробарӣ, ҳамдигарфаҳмӣ ва эҳтиромро ташвиқ мекунад, фароҳам овардааст.

Дар доираи Форуми мазкур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон бо намояндагони Ҷумҳурии Индонезия, Подшоҳии Таиланд ва Бруней–Доруссалом ҷиҳати баррасии муносибатҳои дуҷониба мулоқотҳо анҷом дод.

IMG-20191205-WA0073-09-12-2019-1054.jpg

Нигористон

Тақвим