9 декабри соли 2019 дар ҳошияи Конфронси 8-уми вазирони корҳои хориҷии «Қалби Осиё/Раванди Истанбул» зери унвони «Сулҳ, шарокат, шукуфоӣ» мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини якуми ёвари Котиби давлатии ИМА дар умури Осиёи Миёна ва Ҷанубӣ сафир хонум Элис Уэллс доир гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла машваратҳои дуҷонибаи дарпешистодаи солона миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар, мубориза бо терроризму ифротгароӣ ва гардиши ғайриқонунии маводди мухаддир, таҳкими сарҳад ва ҳамкориҳо дар доираи абзорҳои минтақавиро мавриди муҳокима қарор доданд.