10 декабри 2019 дар Рим вохӯрии Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Италия (бо қароргоҳ дар шаҳри Париж) Ҷамолиддин Убайдулло бо Муовини мудири кулли Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ (UN FAO) Лаурент Томас баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои ҳамкорӣ миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Созмони озуқаворӣ ва кишоварзии СММ дар самти рушди соҳаи кишоварзӣ, таъмини амнияти озуқаворӣ дар кишвар мубодилаи афкор намуданд.