16 декабри 2019 Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода зимни сафари корӣ ба шаҳри Тошканд ҷиҳати иштирок дар вохӯрии 9-уми муовинони вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Афғонистон, ки бо ташаббуси Маркази минтақавии СММ оид ба дипломатияи боздоранда барои Осиёи Марказӣ даъват гардида буд, бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон хонум Ноҳид Исор мулоқот анҷом дод.
Дар мулоқот ҷонибҳо атрофи масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн, аз ҷумла ҳамкориҳои Тоҷикистону Афғонистон дар доираи созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ мубодилаи афкор карданд.
Ҳамзамон ҳар ду ҷониб ҷиҳати таҳкиму густариши ҳамкориҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Афғонистон дар самтҳои сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангию гуманитарӣ изҳори умедворӣ намуданд.