Вохӯрии Сафири Тоҷикистон бо ҳайати роҳбарикунандаи EXIM бонки Малайзия

28.12.2019 11:41

23 декабри 2019 Сафири Ҷумҳури Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Президенти EXIM-бонки Малайзия Дато Назри Абд Раҳим мулоқот намуд.

Дар мулоқот тарафҳо оид ба самтҳои муҳимми бахши молиявии Тоҷикистон ва масъалаҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак андешаронӣ намуданд. 

Тарафҳо роҳҳои густариши муносибатҳои бонкҳои Тоҷикистон ва EXIM-бонкро баррасӣ намуда, аҳаммияти  иқдомоти тарафайнро барои тақвияти ҳамкорӣ дар самтҳои гуногун таъкид намуданд ва омодагии худро барои тавсеаи ҳамкорӣ ва истифодаи потенсиали ваҷуддошта баён намуданд.

aksho-28-12-2019-1140.jpg

Нигористон

Тақвим