Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Мудири кулли Маркази сайёҳии исломии Малайзия

07.01.2020 18:05

6 январи 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия Ардашер Қодирӣ бо Мудири кулли Маркази сайёҳии исломии Малайзия Дато Сри Абдул Ҳанӣ Довуд баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо дар бораи масоили ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Малайзия дар соҳаи сайёҳӣ, ташкил намудани давраҳои бозомӯзӣ барои муттахассиони соҳаи сайёҳӣ ва имконияти танзими сафари ҳайати Маркази мазкур ба Тоҷикистон суҳбат намуда, роҷеъ ба осори таърихию фарҳангии кишвари мо мубодилаи афкор намуданд.

Islamic-Tourisim-Center-08-01-2020-1426.jpeg

 

Нигористон

Тақвим