Вохӯрӣ бо Сарвазири Ҷопон дар Токио

08.01.2020 17:17

8 январи 2020 дар қароргоҳи давлатии Сарвазири Ҷопон Синдзо Абэ вохӯрӣ бо сафирон-донандагони забони японии муқими Токио баргузор гардид, ки дар он Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷопон Мирзошариф Ҷалолов низ иштирок дошт.

Сафир ба Сарвазири Ҷопон паёми табрикии  Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба муносибати Соли Нави мелодии 2020 расонид.

Дар вохӯрӣ Сарвазир доир ба дастовардҳои сиёсати дохиливу хориҷии Ҷопон дар солҳои ахир маълумот дод. Ҳамзамон дар рафти вохӯрӣ миёни иштирокдорон табодули афкор атрофи Бозиҳои дарпешистодаи олимпӣ ва паралимпии Токио-2020 ва таблиғи фарҳанги японӣ дар хориҷа сурат гирифт.

AbeMirzo-Group-08-01-2020-1716.jpg

Нигористон

Тақвим