Барқияи тасаллият ба Президенти Украина Владимир Зеленский

09.01.2020 11:45

8 январи 2020 Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Президенти Украина Владимир Зеленский барқияи тасаллият ирсол намуданд, ки дар он омадааст:

«Ҷаноби Олӣ ,

Хабари фоҷеаи суқути ҳавопаймои мусофирбари ширкати ҳавопаймоии Украина дар наздикиҳои фурӯдгоҳи шаҳри Теҳрон, ки боиси талафоти зиёди ҷонӣ гардид, моро сахт андуҳгин намуд.

Дар ин рӯзҳои ҳузнангез ба Шумо ҳамдардии самимӣ ва ба ҳамаи наздикону пайвандони фавтидагон тасаллияти амиқи хешро иброз медорам».

Нигористон

Тақвим