9 январи 2020 дар Путраҷая мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон Ардашер Қодирӣ бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин ибни Абдуллоҳ сурат гирифт.
Дар мулоқот ҷонибҳо доир ба масъалаҳои тавсиа ва таҳкими бештари ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодиву тиҷоратӣ ва фарҳангиву омӯзишӣ, инчунин омодагӣ ба сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Малайзия табодули назар намуданд.
Дар поёни мулоқот даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба унвони Сарвазири Малайзия ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни соли 2020 дар Душанбе баргузор мегардад, тақдим гардид.