Мулоқоти Сафири Тоҷикистон дар Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин

15.01.2020 15:09

15 январи 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Мардумии Чин Парвиз Давлатзода бо роҳбарият ва олимони Пажӯҳишгоҳи Русия, Аврупои Шарқӣ ва Осиёи Марказии Академияи илмҳои ҷамъиятии Чин баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ Сафир роҷеъ ба натиҷаҳои асосии рушди устувори Тоҷикистон, таҳаввулоти назаррас дар соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодӣ ва сиёсати хориҷии кишвар изҳори назар намуд. Таъкид гардид, ки таъмини сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ дар кишвар, пеш аз ҳама, натиҷаи иродаи қавӣ ва хирадмандии мардуми тоҷик бо роҳбарии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ  Раҳмон мебошад.

Гузашта аз ин Сафир дар бораи масъалаҳои равобити Тоҷикистону Чин дар чаҳорчӯби Созмони Милали Муттаҳид, Созмони ҳамкории Шанхай ва Конфронси ҳамкорӣ ва тадбирҳои эътимодсозӣ дар Осиё низ изҳори назар намуд. Ҷонибҳо инчунин масъалаҳои ҳамкории доираҳои академикии ду кишварро мавриди баррасӣ қарор доданд.

664657b8209dfa47c6b02e0c7697186-15-01-2020-1508.jpg

Нигористон

Тақвим