Дидори Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Қатар

27.01.2020 14:09

27 январи 2020 дар Давҳа Муовини якуми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Хусрав Нозирӣ бо Муовини якуми вазири тиҷорат ва саноати Давлати Қатар Султон ибни Рошид ал-Хотир дидор ва гуфтугӯ намуд.

Дар мулоқот масъалаҳои омодагӣ ба иҷлоси навбатии Комиссияи муштараки байниҳукуматӣ роҷеъ ба ҳамкории иқтисодӣ, илмӣ ва фаннӣ, ки қарор аст соли ҷорӣ дар пойтахти Қатар баргузор гардад, баррасӣ шуданд.

Мулоқоти мазкур дар ҳошияи даври навбатии ройзаниҳои сиёсӣ байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар баргузор гардид.

25e0e42e-e541-4463-81d1-fff850852587-29-01-2020-0855.jpg

 

Нигористон

Тақвим