Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини вазири корҳои хориҷии Афғонистон

29.01.2020 10:35

Дар ҳошияи баргузории Конфронси “Осиёи Марказии сабз” мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Мирвайс Ноб баргузор гардид.

Дар мулоқот ҷонибҳо сатҳи ҳамкориҳои ду кишварро қаноатбахш арзёбӣ намуда, роҷеъ ба вазъи амниятӣ дар минтақа мубодилаи афкор анҷом доданд.

Сироҷиддин Муҳриддин изҳор дошт, ки иншоотҳои гидроэнергетикӣ ва корхонаҳои маҳсулоти сохтмонӣ дар Тоҷикистон заминаҳои хуби тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ миёни кишварҳои ҳамсоя ба ҳисоб мераванд.

Қобили тазаккур аст, ки дар ташаббуси “Раванди Берлин. Осиёи Марказии сабз” дар баробари кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон Афғонистон низ иштирок мекунад.

 

Нигористон

Тақвим