Мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Ноиби ректори Донишгоҳи Сапиенза

29.01.2020 17:55

29 январи 2020 дар Рим вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Ноиби ректор оид ба масъалаҳои байналмилалии Донишгоҳи Сапиенза Бруно Ботта баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои марбут ба рушди муносибатҳои илмиву гуманитарӣ миёни донишгоҳҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва донишгоҳи мазкур, аз ҷумла ҷудо намудани бурсияҳо барои донишҷӯён аз Тоҷикистон дар чаҳорчӯби барномаҳои кишварӣ ва Иттиҳоди Аврупо, мубодилаи академикӣ ҷиҳати омода намудани мутахассисон дар соҳаҳои мухталифро мавриди баррасӣ қарор доданд.

IMG-4635-30-01-2020-0817.jpg

 

Нигористон

Тақвим