29 январи 2020 дар Рим мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода бо Муовини мудири иҷроияи Барномаи озуқавории ҷаҳонӣ Амир Абдуллоҳ баргузор гардид.
Ҷонибҳо дар бораи тақвияти ҳамкориҳо дар самти таҳкими иқтидори муасиссаҳои соҳавӣ, истифодаи таҷрибаи пешқадам дар соҳаи кишоварзӣ ва мудирияти об, истифодаи нерӯи хуршедӣ дар соҳаи кишоварзӣ, коҳиши паёмадҳои тағйирёбии иқлим ва дигар масъалаҳои мавриди эҳтимоми тарафайн мубодилаи афкор намуданд.