1 феврали 2020 Вазири корҳои хориҷӣ Сироҷиддин Муҳриддин Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшитаро ба ҳузур пазируфт. Дар мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Ҷопон дар заминаҳои гуногун баррасӣ шуда, дар бораи мавзӯъҳои дигари мавриди эҳтимоми муштарак табодули назар сурат гирифт.
Дар анҷоми мулоқот маросими мубодилаи ёддошт байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҳукумати Ҷопон роҷеъ ба лоиҳаи «Беҳтар намудани таҷҳизоти тиббӣ дар муассисаҳои давлатии Маркази миллии тиббии “Шифобахш” ва Маркази ҷумҳуриявии илмии ҷарроҳии дилу рагҳо» баргузор гардид.
Ёддоштҳои табодулиро Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷопон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Такаюкӣ Мияшита имзо намуданд.