Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Котиби давлатии ИМА

03.02.2020 16:23

3 феврали 2020 дар шаҳри Тошканд дар ҳошияи нишасти вазирони корҳои хориҷии кишварҳои Осиёи Марказӣ ва ИМА дар қолаби С5+1 мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ  Сироҷиддин Муҳриддин бо Котиби давлатии ИМА Майкл Помпео баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дурнамои густариши муносибатҳои дуҷониба, ҳамкориҳои минтақавӣ ва байналмилалиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Ҷониби америкоӣ изҳор дошт, ки татбиқи лоиҳаи минтақавии интиқоли нерӯи барқи CASA-1000-ро дастгирӣ менамояд.

20200203-145950-03-02-2020-1621.jpg

Нигористон

Тақвим