29 январи 2020 мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Шарофиддин Имом бо Вазири давлат дар умури сулҳи Афғонистон Абдусалом Раҳимӣ бо даъвати эшон анҷом гирифт.
А. Раҳимӣ дидгоҳи расмии Президенти Ҷумҳурии Исломии Афғонистонро дар мавриди роҳҳо ва шеваҳои дастёбӣ ба сулҳи пойдор муфассалан баён дошт ва таъкид кард қарор аст чорчуби нишастҳои мунтазам бо сафирони кишварҳои минтақа ва пайванд ба он дар мавриди пайгирии раванди сулҳ эҷод гардад.
Сафири Тоҷикистон таъкид намуд, ки сулҳи пойдор ниёзи ҳаётии мардуми Афғонистон ва калиди амнияту суботи устувор дар минтақа мебошад. Кишвари Тоҷикистон аз оғози истиқлол бо ҳифзи мавқеи усулии зиддитеррористӣ ҷонибдори ҳалли сиёсии буҳрони Афғонистон мебошад. Мо бар онем, ки мардуми бародари Афғонистон чун фарзандон ва соҳибони ин хиттаи бостонӣ бояд худ ба низои хунин ва харобгар бо ваҳдат ва муттаҳидӣ ва дарки масъулияти таърихӣ нуқтаи поён гузоранд. Кишварҳо ва ниҳодҳои байналмиллалӣ бояд фақат мусоидат ва кумак намоянд.
Ҷонибҳо паҳлӯҳои гунгуни раванди сулҳро дар фазои дӯстона ва созанда муфассалан баррасӣ намуданд.