Вохӯрии вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистону Малайзия

07.02.2020 10:08

6 феврали 2020 дар доираи сафари расмӣ ба Малайзия дар шаҳри Путраҷайя мулоқоти Вазири корҳои хориҷи Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Вазири корҳои хориҷии Малайзия Дато Сайфуддин Абдуллоҳ баргузор гардид.

Дар вохӯрӣ масъалаҳои марбут ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои густариши ҳамкориҳои Тоҷикистону Малайзия дар заминаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ, энергетикӣ, сайёҳӣ, кишоварзӣ, саноат, алоқаи ҳавоӣ, фарҳангӣ, муборизаи муштарак ба муқобили терроризм ва ифротгароӣ ва таҳкими пояи шартномавию ҳуқуқӣ, инчунин дигар мавзӯъҳои мавриди эҳтимоми муштарак дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд. 

Ҷонибҳо роҳандозии тамосҳои сатҳи олӣ ва табодули боздидҳоро дар рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба муҳим арзёбӣ карда, зарурати идомаи ройзаниҳои сиёсӣ миёни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва вусъат бахшидани ҳамкориро дар арсаҳои гуногун таъкид намуданд.

WhatsApp-Image-2020-02-07-at-09-31-20-07-02-2020-1006.jpeg

Нигористон

Тақвим