Вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо муовини Сарвазири Малайзия

07.02.2020 11:37

6 феврали 2020 дар Путраҷайя муовини Сарвазири  Малайзия Дато Сери Ван Азизаҳ бинти Ван Исмоил Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддинро ба ҳузур пазируфт.

Вазири корҳои хориҷӣ паёми Асосгузори сулху вахдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро ба Шоҳи Малайзия ва инчунин даъватномаи Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Сарвазири Малайзияро ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми байналмилалии сатҳи баланд оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои рушди устувор, 2018-2028”, ки 18-20 июни 2020 дар Душанбе баргузор мегардад, ба мусоҳиби худ супорид.

Дар вохӯрӣ масъалахои ҳамкории густурда байни ду кишвар ва таҳкими он дар арсаҳои мухталиф баррасӣ гардида, пиромуни ҳамкории ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор сурат гирифт.  

Ҷонибҳо ба тавофуқ расиданд, ки бо саъю талошҳои муштарак робитаҳои дуҷонибаро ба сатҳи сифатан нав бардоранд ва барои расидан ба ҳадафҳои баланд тадбирҳои лозимро андешиданд.

IMG-20200208-WA0006-09-02-2020-1122.jpg

 

Нигористон

Тақвим