Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Раиси Маҷлиси намояндагони Малайзия

08.02.2020 12:47

7 феврали 2020 дар ҷараёни сафари расмӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Раиси Маҷлиси намояндагони Парлумони Малайзия Муҳаммад Ориф Муҳаммад Юсуф баргузор гардид.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳои парлумонӣ байни ду кишвар, аз ҷумла таъсис додани Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии ду кишвар мавриди баррасӣ қарор гирифта, таъкид шуд, ки табодули боздидҳои гурӯҳҳои дӯстӣ ба таҳкиму густариши муносибатҳо миёни ду кишвар мусоидат хоҳад кард.

Дар ин замина иброз шуд, ки дар фурсати наздик Гурӯҳи дӯстии байнипарлумонии Тоҷикистону Малайзия таъсис дода хоҳад шуд.

WhatsApp-Image-2020-02-08-at-12-15-20-1-08-02-2020-1245.jpeg

Нигористон

Тақвим