14 феврали 2020 дар Деҳлӣ Сафири Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Ҳиндустон Султон Раҳимзода бо Президенти Палатаи байналмилалии тиҷорат, саноат ва кишоварзии Millennial India (MIICCIA) Анил Тригунаят мулоқот кард.
Дар мулоқот масоили марбут ба роҳҳои таҳкиму густариши ҳамкориҳои ду кишвари дӯст дар соҳаҳои энергетика, саноат, сайёҳӣ ва ғайра мавриди мубодилаи афкори ҷонибҳо қарор гирифтанд.