Вазири корҳои хориҷӣ нусхаи эътимодномаи Сафири Афғонистонро пазируфт

20.02.2020 17:34

20 феврали 2020 Дар Душанбе Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Исломии Афғонистон Муҳаммад Зоҳир Ағбар нусхаи эътимодномаро ба Сироҷиддин Муҳриддин, Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон супорид.

Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Муҳаммад Зоҳир Ағбарро бо таъйин шуданаш ба вазифаи пурмасъул табрик гуфта, ба ӯ дар ҷодаи  рушди ҳамкориҳои дуҷониба дар асоси принсипҳои дӯстӣ ва ҳамсоягии нек муваффақият таманно кард.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои мубрами муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Афғонистон, аз ҷумла таҳкими ҳамкориҳои наздисарҳадиро баррасӣ намуда, нақшаҳоро барои ояндаи наздик муайян карданд.

Атрофи мавзӯъҳои ҳамкории минтақавӣ ва роҳҳои фаъолтар кардани кори абзорҳои дуҷониба, аз қабили комиссияҳои байниҳукуматии ду кишвар табодули назар сурат гирифт.

PS7A1413-20-02-2020-1732.jpg

Нигористон

Тақвим