Сафари расмии Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон ба Русия

25.02.2020 11:36

Бо даъвати Вазири корҳои хориҷии Федератсияи Русия Сергей Лавров 24-25  феврали соли 2020 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин аз Русия  боздиди расмӣ намуд.

Дар доираи сафар музокироти вазирони корҳои хориҷии ду кишвар баргузор шуда, дар он маҷмӯи масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар заминаҳои сиёсӣ, тиҷоративу иқтисодӣ ва фарҳангиву гуманитарӣ баррасӣ шуданд. Таваҷҷуҳи хосса ба татбиқи тавофуқҳое, ки зимни сафари расмии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Федератсияи Русия 17 апрели соли 2019 ҳосил шуда буданд, зоҳир гардид.

Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Русия роҷеъ ба масъалаҳои муҳимми рӯзномаи байналмилалӣ, таъмини амнияти минтақавӣ ва ҳамкорӣ дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Дар доираи сафар Барномаи ҳамкорӣ байни Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Федератсияи Русия барои соли 2020 ба имзо расид.

IMG-9019-25-02-2020-1404.jpg

IMG-9020-25-02-2020-1405.jpg

 

Нигористон

Тақвим