26 феврали 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов ба шаҳри Кавасаки сафари корӣ анҷом дод. Дар доираи сафари мазкур мулоқоти Сафир бо шаҳрдор Фукуда Нориҳико баргузор гардид.
Дар рафти вохӯрӣ ҷонибҳо атрофи имкониятҳои мавҷудаи иқтисодиву тиҷоратӣ мубодилаи афкор намуда, рағбати худро ба фаъолсозӣ ва таҳкими ҳамкориҳои дуҷониба дар самтҳои гуногун баён карданд.