Вохӯрии Сафири Тоҷикистон дар Палатаи тиҷорат ва саноати Кавасаки

26.02.2020 16:08

26 феврали 2020 Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Япония Мирзошариф Ҷалолов дар доираи сафари корӣ ба Кавасаки бо Муовини раиси Палатаи тиҷорат ва саноати Кавасаки Шиничи Накаяма вохӯрӣ кард.

Дар мулоқот роҷеъ ба роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои сармоягузорӣ, тиҷорат, саноат ва энергетика табодули назар сурат гирифт.

Сафир дар бораи дастовардҳои иқтисодиву иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон, хусусан татбиқи ҳадафи чоруми миллӣ - саноатикунонии босуръати Тоҷикистон маълумот дода, аз доираҳои сармоягузор ва  соҳибкорони японӣ даъват намуд, то дар қатори дигар сармоягузорони хориҷӣ дар ин раванд саҳмгузор бошанд.

1-Palatai-savdo-va-sanoat-26-02-2020-1606.jpg

Нигористон

Тақвим