2 марти 2020 дар Давҳа Сарвазири Давлати Қатар Шайх Холид ибни Халифа Оли Сонӣ Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин ва ҳайати ҳамроҳро ба ҳузур пазируфт.
Дар ҷараёни вохӯрӣ самтҳои авлавиятноки ҳамкориҳои дуҷониба дар арсаҳои иқтисодӣ, тиҷоратӣ, сармоягузорӣ ва зерсохторӣ баррасӣ шуданд.
Ҷонибҳо ҳавасмандии худро ҷиҳати тавсеаи сармоягузориҳои он кишвар дар Тоҷикистон изҳор намуданд.