Мулоқоти Сафир бо собиқ Сарвазири Малайзия

16.03.2020 17:22

13 марти 2020 дар Куала Лумпур Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Малайзия бо собиқ Сарвазири Малайзия Маҳотир Муҳаммад мулоқот намуд.

Дар вохӯрӣ ҷонибҳо дар бораи муносибатҳои Тоҷикистону Малайзия дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва сармоягузорӣ изҳори назар карда, роҷеъ ба имкониятҳои тавсеаи робитаҳои тиҷоратии Малайзия бо кишварҳои Осиёи Марказӣ табодули афкор намуданд.

Дар поёни вохӯрӣ пас аз тақдими даъватнома ҷиҳати иштирок дар Конфронси дуюми Душанбе оид ба Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор, 2018-2028", ки 18-20 июни соли 2020 баргузор мегардад, таъкид шуд, ки иштироки ҷаноби Маҳотир Муҳаммад ва суханронии ӯ оид ба мушкилоти ҷаҳони муосир дар масоили об дар кори Конфронс муфид хоҳад буд.

aks-az-muloqot-16-03-2020-1721.jpeg

Нигористон

Тақвим