Дидори Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Сафири Фаластин

03.04.2020 17:05

3 апрели 2020 дар Душанбе Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин Сафири навтаъйини Фавқулода ва Мухтори Давлати Фаластин дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷаноби Луай Исоро ба муносибати супоридани нусхаи эътимоднома ба ҳузур пазируфт.

Дар рафти суҳбат раванди мусбати густариши робитаҳои Тоҷикистону Фаластин дар соҳаҳои гуногун, аз ҷумла таҳким ёфтани муколамаи сиёсӣ таъкид гардид. Дар баробари ин таваҷҷуҳи тарафайн ба зарурати афзоиши робитаҳо ҷиҳати истифодаи густурдаи зарфиятҳои ҳамкорӣ бар асоси дӯстии пойдор байни ду кишвар ҷалб шуд.

Вазири корҳои хориҷии кишвари мо афзуд, ки сулҳи одилона, пойдор ва доимӣ дар Ховари Наздик танҳо дар сурати амалӣ гардидани қароре имконпазир буда метавонад, ки бар ҳамзистии осоиштаи ду давлати мустақил – Фаластин ва Исроил устувор аст.

Дар фарҷом Вазири корҳои хориҷӣ ба нахустин Сафири муқими Фаластин дар Тоҷикистон ба муносибати оғози фаъолияташ комёбӣ орзу намуда, омодагии Вазорати корҳои хориҷиро баҳри мусоидат ба ифтитоҳи Сафорати Фаластин дар Душанбе изҳор кард.

PS7A2020.jpg

 

Нигористон

Тақвим